Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанги лафзии Эрдуғон ва Нетаняҳу дар пайи кушта шудани фаластиниҳо дар Ғазза


Бӯҳрони нав дар Ғазза миёни фаластиниҳо ва Исроил, ба кашмакаши лафзӣ байни раҳбарони Исроил ва Туркия сабаб шудааст ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Бенямин Нетаняҳу ҳамдигарро "террорист" ва "қассоб" хитоб кардаанд.

Ҷанҷоли лафзӣ байни раиси ҷумҳури Туркия ва нахуствазири Исроил пас аз он оғоз шуд, ки дар ҷараёни тазоҳуроти фаластиниҳо дар марзҳои Ғазза бо Исроил рӯзҳои ҷумъа ва шанбе, ҳадди ақал 16 фаластинӣ кушта ва ҳудуди 1500 нафари дигар захмӣ шуданд.

"Ҳамла"-и аввали Эрдуғон ва посухи Нетаняҳу

Раҷаб Таййиб Эрдуғон шаби шанбе гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ аз амалкарди Туркия дар шаҳри Африни Сурияро интиқод мекунанд, аммо дар баробари "куштори ғайриинсоние, ки Исроил ба роҳ андохта ва раҳпаймоии бозгашти фаластиниҳоро ба хоку хун кашиданд, сукут кардаанд."

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия.

Оқои Эрдуғон дар суханрониаш дар миёни аъзои ҳизби худ ба тамоси телефонии худ бо раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар чанд соат пеш ишора кард ва гуфт, "аз ӯ пурсидам, ки оё Шумо (барои пешгирӣ аз амалҳои Исроил дар Ғазза дахолат мекунед?). Раиси ҷумҳури Туркия ишорае ба посухи Трамп накард, аммо гуфт, "сукути Ғарб, исботи равшане аст бар дурӯягии касоне, ки дар баробари Исроил даст болои даст нишастаанд, дар ҳоле, ки Исроил алайҳи касоне, ки дар заминҳои худ дар Ғазза тазоҳурот мекунанд, аз аслиҳаи вазнин истифода мекунад."

Посухи Нетаняҳу ба "ҳамла"-и дувуми Эрдуғон

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи якшанбе дар нахустин вокуниш ба ин ҳамлаи лафзӣ, дар "Твиттер"-и худ навишт, "Туркия, ки солҳо ғайринизомиёнро бомбаборон мекунад, ба Исроил панд надиҳад". Оқои Нетаняҳу суханони раиси ҷумҳури Туркияро "дурӯғи роиҷи 1-уми апрел" ва артиши Исроилро "боахлоқтарин артиши дунё" номид.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.

Аммо раиси ҷумҳури Туркия баъд аз зӯҳри якшанбеи 1-уми апрел дар посух хитоб ба нахуствазири Исроил ӯро "заъиф ва аҷиб" номид ва гуфт, "Нетаняҳу гуфтааст, ки мо бегуноҳонро дар Африн куштаем. Мо бо террористҳо дар ҷанг ҳастем, аммо ту на. Мо ки нанги ишғолгариро дар пешонӣ надорем, аммо шумо ҳам ишғолгар ҳастед ва ҳам террорист."

Ба гузориши расонаҳои Исроил, Бенямин Нетаняҳу дар вокуниши нави шоми якшанбе дар паёме дар Твиттераш навишт, "Туркия, ки шимоли Қибрисро ишғол карда ва ба сарзамини курдҳо таҷовуз мекунад ва мардуми Афринро мекушад, ҳаққ надорад ба Исроил панду андарзи ахлоқӣ бидиҳад."

Собиқаи кашмакаш байни Туркия ва Исроил

Ҷанҷоли нави лафзӣ байни раҳбарони Туркия ва Исроил дар ҳоле аст, ки ин ду кишвар ҳашт сол пеш низ бар сари фиристодани киштии кӯмакҳо ба Ғазза вориди як ҷанҷол шуда буданд ва робитаҳои ду кишвар тира шуда буд. Аммо ду сол пеш Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Бенямин Нетаняҳу бо миёнҷигарии мустақими Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амирико бӯҳрон байни худро ҳал карданд.

Исроил пазируфт, ки ба хотири куштани 10 шаҳрванди Туркия, ки дар он киштӣ раҳсипори Ғазза буданд, аз Туркия узрхоҳӣ кунад, 20 миллион доллар ғаромат бидиҳанд ва ба фиристодани кӯмакҳои башардӯстонаи Туркия ба фаластиниҳо дар Ғазза мамониат эҷод накунад.

Тазоҳуроти фаластиниҳо дар Ғазза.
Тазоҳуроти фаластиниҳо дар Ғазза.

Кашмакаши лафзӣ байни раҳбарони Туркия ва Исроли дар ҳоле авҷ гирифтааст, ки ба гуфтаи манбаъҳои фаластинӣ, талафоти эътирозҳо бо номи "Раҳпаймоии бозгашт" афзоиш ёфтааст. Рӯзи ҷумъа дар нахустин рӯзи ин тазоҳурот дар ҳоле, ки 30 ҳазор тан дар он ширкат карда буданд, ҳадди ақал 16 фаластинӣ кушта ва беш аз 1400 тан захмӣ шуданд. Ба гузориши хабаргузориҳо, рӯзи шанбе 70 фаластинии дигар захмӣ гаштанд.

Гурӯҳи "Ҳамос" ё Ҳаракати муқовати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои тарафдории ин эътирозҳо гуфтаанд, ки ин тазоҳурот то якуним моҳи дигар, ки солрӯзи таъсиси Исроил аст ва фаластиниҳо онро "фоҷеа" медонанд, идома хоҳад кард. Артиши Исроил гуфтааст, ки 11 тан аз кушташудаҳои рӯзи ҷумъа фаъолони "Ҳамос" ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ буданд. "Ҳамос" узвияти 5 тан аз кушташудаҳои шохаи низомии ин ҷунбишро таъйид кард ва таҳдид намуд, ки аз "Исроил интиқом хоҳад гирифт."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG