Фотима Машрабоваро серкории падар ба саҳна овард. Артур Машрабов, яке аз коргарондонҳои машҳури савт дар Тоҷикистон, ба шавқи духтараш, ки мехост, овозхон шавад, мухолифат накард.
Ҳамеша шикоят мекардам, ки чаро падарам мисли дигарон дар рӯзи ид сари дастархон ҳамроҳи мо нест? Чаро бо мо ба сайругашт намеравад?
Ҳамроҳ бо падар таҷлил кардани Наврӯз ва ҷашнҳои муҳими дигар орзуи ҳамешагии Фотима Машрабова дар замони наврасӣ буд. Духтари хурдӣ ва эркаи хонавода ҳамеша аз он шикоят мекард, ки падараш корро бештар аз онҳо дӯст медорад. “Худсафедкуниҳо”-и падарро аслан қабул надошт.
"Ҳамеша шикоят мекардам, ки чаро падарам мисли дигарон дар рӯзи ид сари дастурхон ҳамроҳи мо нест? Чаро бо мо сайругашт намеравад? Мегуфт серкор аст, вале ман, ки фарзанди хурдӣ ва эрка будам, он вақт ӯро дарк намекардам", - нақл кард ӯ.
Ҳоло дигар худаш ҳам мисли падар дар ростои ҷашну идҳо дар хона кампайдо аст ва акнун падарро дарк мекунад: “Акнун мефаҳмам, ки кори падарам чӣ қадар мушкил будааст. Ҳоло волидон дар рӯзҳои ид маро мекобанд. Даъват ба ҷашну барномаҳо хеле зиёд асту вақт кам."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Падари Фотима Артур Машрабов машҳуртарин коргардони овоз дар Тоҷикистон, фарзанди ҳунарпешаи маъруф Устодқадам Машрабов аст. Падар ҳам иқрор мекунад, ки маъмулан ҷашну идҳои муҳим, аз ҷумла Наврӯзро дур аз хонавода ва паси саҳнаи бузург таҷлил мекунад. Аз Артур хоҳиш кардем, аз хотираҳои наврӯзии худ қисса кунад, аммо посухаш хеле кӯтоҳ буд ва гуфт, дар ин ҷашн ҳамеша дар кор аст.
Бо вуҷуди серкорӣ дар ростои ҷашни Наврӯз, Фотима иҷрои оинҳои муҳими ин ҷашнро аз ёд набурдааст. Ӯ хонаашонро тоза кардаву барвақт ба истиқболи рӯзи нав омода шуда буд. “Аз пеш медонистам, ки корам зиёд мешавад ва фурсат намеёбам, бинобар ин, ҳамроҳ бо модару янгаҳо пештар аз ҷашн хонаро тоза кардем. Дар Бадахшон ин маросим ҳатмӣ аст ва ман ҳам, албатта, кӯшиш мекунам онро риоя кунам”, - гуфт ӯ.
Наврӯз барои ӯ як ҷашни хос аст. Маҳз дар ин ҷашн чанд соли пеш ӯ бори аввал рӯйи саҳна омад ва бо оҳанги Даргилак худро муаррифӣ кард. Аксари таронаҳояш ҳам дар васфи баҳору Наврӯз ва ишқу муҳаббастанд.
Озоди хеле бомаврид. Дар дунёи пешрафта офтоба бо доман пушида наметавонанд. Акнун дастонл пур аз хуни Эмомали бо тимаш хеле кушоду равшан намоён мешавад. Мардум наворҳоро ба озоди бифиристед.
Лекин хич нафахмидам ки нафахмидам манзур аз сахнаи манкурт кадом тараф бошад ,ки манкуртои худира хуш наомада бошад
Мардумон рузи биhи металабанд аз аём Мушкил ин аст ки хар руз бад'тар мебинам!
Где вы увидели сепаратизм ?На самом деле мы таджики Памира титульная нация Таджикистана, а наш считают за диаспору. Кулобат , Ленинобод бар Померен лап обод, аммо Помер вев чон.
Вомарро ба хун олуда шуд. Бисери точикон моро айбдор мекунанд, ки мо халалдори сулх хастем. Лекин аз кадом сулх шумо гап мезанет? Ягон нишонахои сулхпарваронаи гасбкардагарони укуматро надидаем. Таьрихро бо хуни худ навишем