Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ба Наврӯз омода шуд. ВИДЕО


Мақомоти шаҳри Душанбе гуфтанд, ки пойтахти Тоҷикистон барои таҷлил аз иди Наврӯз омода шудааст. Тамоми кӯчаву хиёбонҳо ва саҳни идораву вазоратҳоро бо овезаи идона оро додаанд.

Ҷашни асосӣ дар Душанбе 25-уми март мегузарад

Як донишҷӯ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, аз субҳ то соати 3-4-и рӯз тамрин мекунанд, вале шароити дуруст барои онҳо фароҳам нест.

Абдумаҷид Ҳакимзода, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, рӯзи 20-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "имрӯз дар корхонаву вазоратҳо наврӯзӣ карданд. Рӯзи чаҳоршанбе дар чаҳор ноҳия - боғи ба номи Садриддин Айнӣ, 800-солагии Маскав, боғи Мироненко ва боғи “Дӯстии халқҳо” барномаҳои идонаи наврӯзӣ баргузор мешаванд. Рӯзи 22-юм сайругашти идона дар шаҳр ва маҳаллаҳо сурат гирифта, дар Боғи Ирам намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад."

Ба қавли Ҳакимзода, таҷлили расмӣ аз Наврӯзи байналмилалӣ дар Душанбе рӯзи 25-уми март бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор хоҳад шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Душанбе ба Наврӯз омода шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

7 ҳазор ҳунарманду овозхон ва донишҷӯ

Қурбон Холов, раҳбари ҳунарии баргузории ҷашни Наврӯз, 20-уми март гуфт, "дар ин маросим тақрибан 7 ҳазор ҳунарманду овозхон ва донишҷуёни мактабҳои олии кишвар иштирок мекунанд. Омодагиҳо дар сатҳи хеле баланд аст. Ҳарчанд боду ҳаво дар рӯзҳои гузашта муносиб набуд, устодони рақс ва коргардонҳо тавонистанд, барномаро дуруст кунанд. Бовар дорам, шоми 25-уми март барномаи хеле ҷаззоб пешкаш хоҳад шуд."

Қурбон Холов
Қурбон Холов

Ба қавли Холов, барномаи Наврӯзии шаҳри Душанбе дар майдони "Наврӯзгоҳ" аз 9 бахши асосӣ иборат аст, ки шомили тамоми расму оинҳо ва суннатҳои миллии мардуми тоҷик рӯи саҳна оварда мешавад.

Донишҷуёни донишгоҳҳо аз иштирокдорони намоиши ҷашни Наврӯз дар “Наврӯзгоҳ” ҳастанд. Ганҷина Содиқзода, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи миллӣ гуфт, ҳафтаи севум аст, ки ба тамрин машғуланд: "Аз соати 8-и субҳ то соати 3-и рӯз дар тамрин ҳастем. Аз ҳама дарсҳо озод шуда, тамоми рейтингҳоямон бо 100 бал гузошта шудаанд. Вижагии тамрини имсола аз тамринҳои солҳои пеш дар он аст, ки бо мусофирбарҳо ба майдон меоранд ва мебаранд.”

Тамрин - аз субҳ то шом

Беҳрӯз Бобохонов, донишҷӯи Донишкадаи идораи давлатии назди раёсати ҷумҳурӣ низ таъйид кард, ки ҳар рӯз аз соати 8 субҳ дар “маршировка” ҳастанд. “Моро барои иштирок дар “маршировка” ҷавоб додаанд. Тӯли се ҳафта боз аз соати 8-и субҳ дар ин майдон тамрин мекунем. Моро бо обу ғизо таъмин менамоянд”, - афзуд ӯ.

Аммо як донишҷӯ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, аз субҳ то соати 3 – 4-и рӯз тамрин мекунанд, вале шароити дурусте барои онҳо фароҳам нест.

Маъракаи наврӯзиро аз Душанбе ба Панҷакент мебаранд

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои масъулони Иттифоқи касаба, дар Тоҷикистон аз 21-уми март таътил шуда, то 26-уми март идома меёбад.

Ҷашни имсолаи Наврӯзи ҷумҳуриявӣ рӯзи 27-уми март дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд. Ба таъхир афтодани маросими аслии таҷлил аз Наврӯз ба сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк вобаста аст.

XS
SM
MD
LG