Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бидуни визаи шаҳрвандони Узбекистон ба Тоҷикистон қонунӣ шуд. ВИДЕО


Порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 19 марти худ созишномаи ҳукумати Тоҷикистону Узбекистон дар заминаи сафарҳои бидуни визаи шаҳрвандонро тасвиб кард.

Созишномаи нав аз дебочаву 17 банд иборат аст ва тартиби рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ба қаламравҳои якдигарро танзим мекунад.

Ин созишнома рӯзи 9-уми март дар ҷараёни сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе имзо шуд ва Тошканд аз рӯзи 16-уми март ва пеш аз анҷоми расмиятҳои марбут ба ратификатсия ё тасвиби ин санадҳо, марзҳояшро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард. Ин санад ҳузури 30-рӯзаи бидуни визаи шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигарро иҷозат медиҳад.

Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 19-уми март зимни муаррифии ин созишнома дар порлумон гуфт, пас аз гирифтани огаҳиномаи охирини хаттӣ дар бораи анҷом додани расмиёти дохилидавлатии ҳар ду ҷониб, созишнома мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Зуҳуров: "То Наврӯз мардум ба дидори ҳамдигар бирасанд"

Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон масъулонро муваззаф намуд, ки худи ҳамин рӯз ҷониби Узбекистон аз иқдоми порлумони кишвараш огоҳ карда шавад. Вай гуфт, "котибот расмиёти дохилидавлатиро бардошт карда, ҳам ба вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳам намояндаи раиси ҷумҳур (ёрдамчии президент) дар порлумон диҳад.

Вай аз муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ва ёрдамчии президент, хоҳиш кард, ки ҳамин рӯз ҷониби Узбекистонро дар мавриди иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ аз ҷониби Тоҷикистон огоҳ гарданд, то аз пагоҳ мардуми ҳар ду тараф роҳашон кушода бошад ва дар рӯзҳои наврӯзӣ ба дидори ҳамдигар расида тавонанд. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, "ин хоҳиши раиси ҷумҳур низ ҳаст."

Сафари бидуни виза ба Узбекистон қонунӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:19 0:00

Аввал шуда Узбекистон расмиёти марбут ба тасдиқ ё тасвиби созишномаи сафарҳои бевизаи миёни Тоҷикистон ва Узекистонро анҷом дод ва дар ин бора вазорати умури хориҷии ин кишвар изҳороти расмӣ ҳам пахш кард. Иҷозаи вуруд ба хоки Узбекистон пеш аз тасвиби санад аз ҷониби порлумон ва дигар сохторҳоро президент Шавкат Мирзиёев ба таври истисноӣ ва аз 16-уми март дода шуд.

Ҳамин тариқ бо тасвиби ин созишнома дар порлумонҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, созишномаи қаблӣ аз 16-уми майи соли 2000, ки равуои шаҳрвандони ҳарду кишарро танҳо тариқи раводид дар назар мегирифт, бекор карда шуд. Созишномаи нав аз дебочаву 17 банд иборат аст ва тартиби рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ба қаламравҳои якдигарро танзим мекунад.

Ҳамчунин созишнома масъалаи иқомати муваққат дар ҳудуди кишварҳо, сафари бидуни раводид, вуруду хуруҷ бо ҳадафҳои хидматиро низ дар бар мегирад. Дар санад ҳамчунин шароити доштани раводиди яксола барои ронандагони мошинҳои боркаш низ зикр шудааст, ки дар роҳҳои байналмилалӣ ҳаракат мекунанд. Ба ин тартиб, баъди 18 соли вуҷуди виза ё монеаи расмии сафари озод ба кишварҳои ҳамсоя, дарҳои ду кишвар ба рӯи ҳамдигар боз шуд.

Ин хабар аз ҷониби сокинони ҳарду ҷониби марз хуш истиқбол шуд ва аз рӯзи 16-уми март сокинони Тоҷикистон, онҳое, ки дар хоки Узбекистон хешу ақрабо доранд, ба дидори наздиконашон шитофтанд. Мақомоти ҳарду кишвар боздиди президенти Узбекистон аз Тоҷикистон ва имзои 27 санади ҳамкориро, ки равобити ду кишварро, ба қавли Мирзиёев, “аз саҳифаи тоза шурӯъ мекунад”, “таърихӣ” ва “бесобиқа” унвон карданд.

Мавқеи Маскав аз беҳбуди равобити Душанбе ва Тошканд чист?

Айни замон, бархе коршиносон бо нигоҳ ба таҳаввулоти баъди ин сафар ва бурузи баҳси миёни Русия ва Тоҷикистон дар заминаи парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати “Уральские авиалинии” мегӯянд, зоҳиран Маскав аз гарм шудани равобити миёни ду ҳамсояи минтақавӣ чандон хушҳол нест ва талош дорад ба Душанбе аз роҳҳои дигар фишор оварад.

Тоҷикистон ахиран гуфт, ки бо тасмими ширкати ҳавоии Русия барои афзоиши шумори парвозҳо ба самти Тоҷикистон бо сабаби риоя нашудани баробарӣ ё паритет розӣ нест. Бархе коршиносон бовар доранд, ки ин баҳсҳо дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

"Рушди устувори Осиёи Миёна ба нафъи Русия аст"

Олимҷон Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.
Олимҷон Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

Рӯзи 19-уми март бархе аъзои порлумони Тоҷикистон гуфтанд, ки дар асл аз беҳбуди равобити байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – як шарик ва ҳамкори муҳими Русия - Маскав ҳам манфиат мебинад. Олимҷон Бобоев, раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон гуфт, фикр мекунад, ки оромии рушди кишварҳои Осиёи Миёна ба нафъи Русия аст ва ҳар қадар иқтисодиёти ин кишварҳо рушд кунад, гардиши мол ба амал меояд ва ин барои Русия ҳам хуб аст.

"Раҳбарияти Русия низ барои ба ҳам овардани ду кишвар нақши назаррас доштааст. Дуруст аст, ки иродаи сиёсии ду кишвар ин масъаларо ҳал кард. Инро як тӯҳфа дар остонаи интихоботи Русия гуфтан мумкин аст. Зеро кишварҳои Осиёи Миёна барои Русия шарикони стратегӣ ҳастанд ва муносибати Тоҷикистон ва Узбекистон аз ҷониби президенти тозаинтихоби Русия хуш қабул карда мешавад".

"Ҳар кишвар манфиати худро дорад"

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷа Маҷлиси Намояндагон бар ин назар аст, ки ҳар кишвар манофеи худро дорад ва талош мекунад аз он ҳимоят кунад. Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, Тоҷикистон дар самти ҳимояти манфиатҳои миллӣ амал мекунад.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси намояндагон
Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси намояндагон

"Албатта Русия манофеи муайян дорад, вале фикр мекунам Русия бо Узбекистон муносибатҳои хуб ва наздик дорад ва хубшавии муносибатҳо байни мо ва Узбекистон наметавонад ба муносибатҳои байни мо ва Русия таъсири манфӣ расонад. Баръакс, ба ҳам омадани кишварҳои ОМ, хусусан дар муқобил ба он равандҳои номатлубе, ки дар Осиёи Ҷанубӣ аст ва ё дар кишварҳои Араб аст, ба манфиати Русия аст. Ин барои тағйири муносибатҳои байни мо ва Русия асос шуда наметавонад",-афзуд Шариф Раҳимзода.

Яхҳо об шуданд

Зимнан, дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хеле сард шуд ва мизони ҳамкориҳо ҳам коҳиш ёфт. Тайи якуним соли охир яхи муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе об шуд ва ду тараф ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои то ин дам баста, баргузории рӯзҳои фарҳангу парвози ҳавопаймоҳо ва убури қаторҳо аз марзи якдигар пардохтанд.

Мизони табодули молу коло миёни ду кишвар аз 12 миллион доллар дар соли 2015 то 240 миллион доллар дар соли 2017 афзоиш ёфт ва президентони ду кишвар гуфтанд, ки ҳадафи солҳои наздик то 1 миллиард доллар афзоиш додани ин додугирифтҳои иқтисодӣ мебошад.​

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG