Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон соати 21:15 дақиқа ба вақти маҳаллии рӯзи сешанбеи 20-уми март фаро мерасад. Хурсанд Ибоддинов, раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 20-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси тақвими насронӣ ё худ григорианӣ, дар соати 21:15 дақиқа рӯзу шаб баробар мешавад ва Наврӯз фаро мерасад.
Вай гуфт, ин шарҳи илмии ворид шудани Навруз ба Тоҷикистон аст, вале бар асоси арзиши тақвими фарҳангӣ, рӯзи 21-уми март Навруз истиқбол мешавад. Хурсанд Ибоддинов афзуд, ки бо дарназардошти тафовути замонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон қабл аз Эрону Афғонистон ворид мешавад. Зеро аз лиҳози замонӣ, миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан дувуним ва ним соат тафовути вақт вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи ҷаноби Ибоддинов, се рӯз қабл аз фарорасии Наврӯз соли нави деҳқонӣ оғоз мешавад ва кишту кори баҳорӣ бо дуои кишоварзон дар саҳро шурӯъ мегардад. Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, бо поёни соли нави деҳқонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз низ вориди Тоҷикистон мешавад. Ҷашнҳои аслии Наврӯзи имсола дар Душанбе, Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) ва Панҷакент баргузор мешаванд.