Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба "кудакони хориҷӣ" визаи сесола медиҳад


Тоҷикистон барои фарзандони шаҳрвандони ин кишвар, ки шиносномаҳои кишварҳои хориҷиро доранд, имтиёз ҷорӣ кард. Шаҳрвандони хориҷии то 25-сола, ки аз рӯзи таваллуд шаҳрвандии дигар давлатро ба даст оварда, вале падару модари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, бо раводиди вижаи навъи “ХС3” метавонанд визаи сесолаи ин кишварро ба даст оваранд.

Барои дарёфти чунин визаи имтиёзнок фарзандони хориҷии шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи шиносномаи волидайнашонро пешниҳод кунанд. Чунин тасмим бар асоси тағйиру иловаҳо ба қарори ҳукумат “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд” гирифта шудааст. Матни ин қарор рӯзи 17 март дар вебсайти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нашр шуд.

Дар идомаи ин хабар вазорат гуфт, ки шаҳрвандони 36 кишвари дигар ҳам акнун метавонанд аз рӯи тартиби соддашуда визаи Тоҷикистонро дарёфт кунанд. Шумори умумии кишварҳое, ки шаҳрвандонаш метавонанд аз роҳи содда соҳиби визаи Тоҷикистон шаванд, 112 ададро ташкил дод.

Дар миёни кишварҳои тоза иловашуда кишварҳои аврупоии мисли Албания, Сербия, Черногория, Македония ва давлатҳои хориҷаи дур, назири Ҷумҳурии Доминикан, Ҷазираҳои Сейшел, Шри Ланка, Ямайка ва дигарҳо номбар мешаванд.

Хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистон метавонанд аз роҳи гирифтани визаи электронӣ ва бидуни муроҷиат ба сафоратхони Тоҷикистон ба ин кишвар ҳадди аққал ба мӯҳлати 45 рӯз сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG