Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари даҳсола дар ҳаммоми Конибодом даргузашт


Як навраси тоҷик, ки барои хабаргирии наздиконаш аз вилояти Самараи Русия ба Тоҷикистон омад, шаби 6 ба 7-уми марти имсол дар ҳаммоми шаҳри Конибодом даргузашт. Камолҷон Нозирови 10-сола ду ҳафта пеш ба зодгоҳаш омада буд. Ӯ ҳамроҳи волидонаш дар Русия мезист ва дар ҳамонҷо таҳсил мекард.

Дар Додситонии шаҳри Конибодом гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодисаро шуруъ шудааст ва ба ин хотир ба дари ҳаммом қуфл задаанд.

Фозилҷон Нозиров, бобои Камолҷон Нозиров, рӯзи 13-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор соли охир набераашро надида буд. "Барои дидорбинӣ омад ва ин охирин дидори мо шуд. Ӯ бо тағояш ба ҳаммоми маҳалла рафта будааст. Ҳамон шаб писарам аз Русия занг зад, ки “Камолҷонро аз даст додем. Ду рӯз истодем, шудем то писару келинам аз Русия баргарданд. Рӯзи 8-уми март Камолҷонро дафн кардем", - гуфт бобои навраси ҳалокшуда.

“Гунаҳкор кист: Соҳиби ҳаммом ё Ёрии таъҷилӣ?”

Додситонии шаҳри Конибодом мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаро шуруъ кардаанд. Як мақоми додситонӣ рӯзи 13-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо сабаби халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот наметавонад ҷузъиётро ошкор кунад.

Аммо, ба қавли ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, онҳо ба дари ҳаммоми маҳаллаи Зарбед муҳр задаанд ва то анҷоми тафтишот дари он баста мемонад.

Марги мармузи навраси 10-сола пас аз рафтан ба ҳаммоми ҷамъиятӣ, сокинони деҳаи маҳаллаи “Таги мадраса”-и шаҳри Конибодомро нигарон кардааст.

Наздикони Камолҷон Нозиров мегӯянд, ӯ аз саломатиаш шикоят надошт ва ба ягон беморӣ низ гирифтор набуд. Фозилҷон Нозиров, бобои Камолҷон Нозиров мегӯяд, вазъи саломати наберааш хуб буд ва давоми як ҳафтае, ки дар Тоҷикистон буд, боре аз саломатиаш шикоят надошт.

XS
SM
MD
LG