Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи Додохонов ба ташхиси ҷасадҳо дар Саудӣ иҷозат надод


Ҷасади соҳибкори тоҷик Бахтиёр Додохонов ва се узви оилаи ӯро, ки дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ёфт шуд, дар ҳамонҷо дафн карданд. Наздикони Бахтиёр Додохонов мегӯянд, ки ба ташхиси ҷасадҳо иҷоза надодаанд.

Қаблан чаҳор намояндаи хонаводаи Додохоновҳо барои иштирок дар санҷиши тиббии ҷасади соҳибкор Бахтиёр Додохонов ва зану ду писараш ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Ҷасади ин чаҳор нафар рӯзи 5-уми марти имсол дар ҳуҷраи меҳмонхонае дар Мадина ошкор шуд.

Бахтиёр Додохонови 35-сола соҳибкор буд ва барои Ҳаҷҷи Умра дар Мадина қарор дошт. Ҳамроҳ бо ӯ ҳамсараш Гулнора Додохонова (33-сола), писаронаш Некрӯз (8-сола) ва Беҳрӯз (12-сола) низ буданд, ки ба ҳалокат расиданд.

Наздикони Бахтиёр Додохонов мегӯянд, барои бозкушоии ҷасадҳо ё анҷоми амалиёти колбадшиносӣ ба мақомоти Арабистони Саудӣ иҷоза надодаанд. Ба қавли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, мақомоти Саудӣ ба онҳо гуфтаанд, ки натиҷаҳои пешакии марги Бахтиёр Додохонов ва оилаашро то як моҳи дигар эълон хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG