Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходимони БДА-и Узбекистонро аз паси дарахтҳо берун оварданд


Ходими БДА дар пинҳонгоҳ
Ходими БДА дар пинҳонгоҳ

Дар Узбекистон ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) амр шудааст, ки ҳангоми иҷрои вазифаи худ дигар дар пушти дарахт ё иншооте пинҳон нашаванд.

Ин хабарро сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Тошканд генерал-майор Рустам Ҷураев дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ тасдиқ кард.

Пештар масъулони Вазорати умури дохилии Узбекистон мегуфтанд, ки кормандони онҳо ҳақ доранд, вазифаҳои худро ҳам пинҳонӣ ва ҳам ошкоро анҷом диҳанд.

Тайи як ҳафтаи ахир дар кори Раёсати умури дохилии Тошканд як қатор навгониҳо ба мушоҳида расид. Аз ҷумла сомонаи расмии раёсат фаъол шуд ва акнун сокинон метавонанд наворҳои худро дар бораи нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба мақомот фиристанд. Ҳамчунин раёсат ҳамкории наздикро бо корбарони интернет ба роҳ мондааст.

XS
SM
MD
LG