Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захарова ҷаласаи порлумони Бритонияро "масхарабозӣ" номид


Мария Захарова
Мария Захарова

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ба изҳороти сарвазири Бритония Тереза Мэй вокуниш нишон дод.

"Ин як масхарабозӣ дар порлумони Бритония буд. Як маъракаи навбатии сиёсиву иттилоотиест, ки асосаш ҳангома аст", - иқтибос овардааст РИА Новости аз суханҳои Захарова.

Сухангӯи ВКХ Русия афзуд, Бритония бояд шарҳ диҳад, ки қазияҳои пешин, аз ҷумла парвандаҳои Литвиненко, Березовский, Перепиличний ва бисёре аз дигарон чӣ гуна ба поён расиданд.

Сарвазири Бритония рӯзи 12 март гуфт, ки афсари пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипалро бо маводе заҳролуд кардаанд, ки дар озмоишгоҳҳои Русия коркард шудааст. Ба гуфтаи ӯ, агар ин тасдиқ шавад, кишвараш зидди Русия чораҳои иловагӣ хоҳад андешид.

“Заҳролудшавии Скрипал: Бритониё Русияро айбдор мекунад"

XS
SM
MD
LG