Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати сиёсии Аблязов "созмони экстремистӣ" эълон шуд


Мухтор Аблязов
Мухтор Аблязов

Додгоҳе дар шаҳри Остона ҳаракати сиёсии "Интихоботи демократии Қазоқистон"-ро, ки ҳанӯз сабти ном нашудааст, "созмони тундрав" эътироф кард.

Ин ҳаракатро раиси пешини Бонки БТА Мухтор Аблязов таъсис додааст, ки ҳоло дар хориҷ зиндагӣ мекунад. Аблязов худро мухолифи президенти амалкунандаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев медонад.

Дар нишасти хабарие дар шаҳри Остона 13 март намояндаи додситонии кулли Қазоқистон Оксана Лоскутова гуфт, ҳаракати сиёсии Аблязовро додгоҳи Есилскии Остона тундрав эътироф кард.

"Фаъолияти ин ҳаракат дар саросари Қазоқистон манъ гардид", - гуфт Лоскутова. Ба гуфтаи ин мақомдор, паҳн кардани матлаб дар бораи ҳаракати "Интихоботи демократии Қазоқистон" дар расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмакрасонаҳо ва сомонаҳо манъ шуд.

Намояндаи додситонии кул гуфт, Мухтор Аблязов "фаъолияти ғайриқонунӣ" анҷом медиҳад. "Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн кардани варақаҳо Аблязов сокинонро ба пайвастан ба ҳаракати худ даъват, ҳукуматро бадном ва ҳисси эътирозии мардумро бармеангезонад. Ҳадафи Аблязов ва фаъолони ҳаракати вай ғасби ҳукумат аст", - гуфт Лосуктова.

Аммо Мухтори Аблязов мегӯяд, ки мехоҳад "режими Назарбоев"-ро бо роҳи осоишта барҳам диҳад.

Моҳи июни соли 2017 Аблязов дар Қазоқистон ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро дар "дуздии амволи бонки БТА" айбдор медонанд. Аммо Аблязов ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG