Пайвандҳои дастрасӣ

Прокурорҳо бояд аз даромади худ гузориш диҳанд


Президент Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо кормандони системаи прокуратураи Тоҷикистон гуфт, мувофиқ ба қонунгузории Тоҷикистон дар баробари хизматчиёни давлатӣ ҳамакнун прокурорҳо ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи қонун бояд дар бораи даромад ва дороиҳои худ эъломия пешниҳод кунанд.

Эъломия аз даромад дар гузашта бештар аз хизматчиёни сохторҳои давлатӣ тақозо мешуд.

Дар мулоқоташ бо кормандони прокуратура ва дигар ходимони ҳифзи қонун дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолатҳои коррупсия ва сӯиистифода аз мақом дар миёни сохторҳои ҳифзи қонун изҳори нигаронӣ кард.

Вай гуфт, ки солҳои 2007-2016 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 13 ҳазор ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Аз соли 2010 инҷониб, дар маҷмӯъ, нисбат ба 2300 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳарбӣ ва судҳо, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ - 696, мудофиа - 539, амнияти миллӣ - 545, гумрук - 109, андоз - 124, адлия - 81, Гвардияи миллӣ - 78, Шӯрои адлия ва Суди Олӣ - 53, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ - 30, Агентии назорати маводи нашъаовар - 23 ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG