Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд таҷлили Наврӯз шурӯъ мешавад


Ҷашни Наврӯз дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд аз 14 то 25 март таҷлил мегардад. Ба гуфтаи маркази иттилоотии ҳукумати Суғд, шурӯъ аз фардо, 14 март 22 маҳаллаи маркази вилояти Суғд бо навбат маҳфилҳои наврӯзӣ барпо мекунанд. Пухтани суманак як рукни муҳими ҷашнҳо мебошад.

Шоми 12 март маросимҳои мутантани наврӯзиро нахуст маҳаллаи Содирхон Ҳофиз дар Хуҷанд оғоз бахшид. Мақомот гуфтанд, ки ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани соли 2018 дар Тоҷикистон, маҳаллаҳои Хуҷанд дар ҷашни Наврӯзии худ намоиши ҳунарҳои халқӣ низ доир мекунанд.

Соли равон таҷлил аз ҷашни умумимиллии Наврӯз дар Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар назар аст.

XS
SM
MD
LG