Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 намояндаи Додохоновҳо барои ташхиси ҷасад ба Саудӣ рафтанд


Чаҳор намояндаи хонаводаи Додохоновҳо барои иштирок дар санҷиши тиббии ҷасади соҳибкори тоҷик Бахтиёр Додохонов ва зану ду писараш ба Арабистони Саудӣ рафтанд.

Як шахси наздик ба ин оила рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмим шудааст, баъди таҳқиқи сабабҳои марги хонаводаи ин соҳибкори тоҷик, онҳоро дар Саудӣ дафн кунанд.

Додситонии Арабистони Саудӣ гуфтааст, амалиёти таҳқиқи ҷасадҳо бидуни иҷозаи хонавода мумкин нест ва ин амалиёт барои маълум шудани сабаби марги онҳо кумак хоҳад кард.

Наздикони Додохоновҳо мегӯянд, тибқи фарзияи ибтидоии Додситонии кулли Арабистони Саудӣ, писари хонадон Бахтиёр Додохонов ҳамроҳ бо ҳамсар ва ду фарзандаш заҳролуд ё кушта шудаанд.

Ҷасади ин чаҳор нафар дар ҳуҷраи меҳмонхонае дар Мадина рӯзи 5-уми март ошкор шуд.

Бахтиёр Додохонови 35-сола соҳибкор буд ва барои Ҳаҷҷи Умра дар Мадина қарор дошт. Ҳамроҳ бо ӯ ҳамсараш Гулнора Додохонова (33-сола), писаронаш Некрӯз (8-сола) ва Беҳрӯз (12-сола) низ буданд, ки ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG