Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Депутати Русия барои "азоби рӯҳӣ"-и занони озордида аз онҳо узр хост


Леонид Слутский - узви порлумон аз ЛДПР
Леонид Слутский - узви порлумон аз ЛДПР

Намояндаи Думаи давлатӣ аз Ҳизби Лидерал-Демократ, Леонид Слутский, ки ахиран дар заминаи шикояти якчанд хабарнигор ба дастдарозии ҷинсӣ муттаҳам шуд, аз занҳое, ки ба гуфтаи худаш "худогоҳ ё нохудогоҳ" онҳоро озор додааст", узр пурсид. Слутский инро дар табрикоти бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон - 8-март навишт.

"Бовар кунед нияти бад надоштам",- гуфт Слутский.

Сиёсатмадор қаблан даъвои се хабарнигорро, ки ӯро ба озори ҷинсӣ муттаҳам карданд, "сафсатта" хонд. Раҳбари кумитаи Думаи давлатӣ дар умури оила, занон ва кӯдакон Тамара Плетнева гуфт ба иттиҳоми зидди Слутсий бовар надорад, Ӯ ба хабарнигорон тавсия дод, ки "либоси ахлоқӣ" пӯшанд ва агар метарсад, ба Дума наоянд.

Раиси палатаи поёнии порлумони Русия Вячелав Володин ба хабарнигорон пешниҳод кард, ки касби худро дигар кунанд.

Рӯзи 8 март якчанд нафар бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани Леонид Слутский дар назди Думаи давлатӣ эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG