Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исқоти ҳамли ноболиғ дар Ҳамадонӣ: буд ё набуд?


Ноҳияи Ҳамадонӣ
Ноҳияи Ҳамадонӣ

Додситони минтақаи Кӯлоб алайҳи мудири таваллудхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ бо ду моддаи кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст. Муҳаммадалӣ Маниёзов дар амалиёти исқоти ҳамли духтари 16-солае айбдор мешавад, ки дар пай сохтакории ҳуҷҷатҳоро низ доштааст.

Дар гузашта низ мудири ин таваллудхона барои қонуншиканиҳояш бо ду моддаи Кодексӣ ҷиноии Тоҷикистон муҷозот шуда будааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб, ки аз ҷараёни тафтишот огоҳ ҳаст, панҷшанбеи 8-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муҳаммадалӣ Маниёзов, мудири шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ соли 2016 духтареро, ки соли таваллудаш 2000-ум буда дар батнаш тифли 7-моҳа доштааст, исқоти ҳамл кардааст. Тафтишот мегӯяд, ки ин амалиётро мудир ба номи янгаи худ сабт карда инчунин ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ҳам даст задааст.

Муҳаммадалӣ Маниёзов бо модаҳои 123, қисми 2, яъне “исқоти ҳамл аз ҷониби шахсе, ки таҳсилоти олии тиббии риштаи дахлдор надорад ё шахси қаблан барои исқоти ғайриқонунии ҳамл судшуда содир шуда бошад” ва 340 қисми 1, яъне “сохтакории шиноснома (паспорт) шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда” гумонбар дониста мешавад. Аз рӯи ҳар яки ин моддаҳо Кодекси ҷиноӣ муҷозот дар ҷаримабандӣ ваё маҳрумият аз озодӣ ба мўҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.

Як манбаи огоҳ аз парвандаи ҷиноӣ, ки салоҳияти сӯҳбат бо матбуотро надорад, ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Мудири таваллудхона дар соли 2016 сокини Кӯлобро, ки ноболиғ буда, дар синфи 9 таҳсил мекардааст, ҷароҳӣ карда кӯдакро мегиранд ва онро ба номи янгааш сабт мекунад. Дар онҷо ҳаминхел қайд кардаанд, ки янгааш ба Ҳамадонӣ меҳмонӣ омада бемор мешавад ва дар онҷо таваллуд миекуд. Баъди як рӯз кӯдак мефавтаду занро аз бемористон ҷавоб медиҳад. Ҳоло санҷиш нишон дод, ки кудакро аз хонанда тариқи ҷарроҳӣ гирифтааст. Ин ҳолат сентябри соли 2016 рух дода будааст, ки нав ошкор шуд”.

Аммо ин ҳамаро Муҳаммадалӣ Маниёзов, мудири шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ рад кард ва дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин кор як иштибоҳ роҳ ёфтааст. Вай гуфт, ки ин хато рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад. Ҷаноби Маниёзов ҳодисаро “як тӯҳмат” ва “натиҷаи ҷанҷоли оилавии" модари ноболиғ номид, вале аз шарҳи ҷузъиёт худдорӣ кард. Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки бовар дорад тафтишоотӣ мӯйро аз хамир ҷудо карда ҳақиқати ҳолро фош хоҳад кард. Вай гуфт:

“Тафтиш дигар шуд, ва як кори ҷанҷолӣ шуда, аз ҳисоби ҷанҷол ин суханхо хестааст. Манро ҳамин хел дар ин миён туҳмат кардагӣ ҳастанд, ягон мушкилӣ нест ва тафтишот қариб ба анҷом расида истодааст. Дар ин ҳодиса ҷанҷолӣ оилавӣ мешавад ва дар он моро ҳамроҳ кардаанд ва ин қариб ҳалӣ худашро ёфтааст”, - гуфт мусоҳиби мо.

Аммо як манбаи дигар аз мақомоти минтақаи Кӯлоб гуфт, ки тафтиши парвандаи Муҳаммадалӣ Маниёзов, мудири шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ охири моҳи феврал оғоз шуда, дақиқ нест, ки кай ҷамъбаст мегардад.

Дар Тоҷикистон доштани равобити маҳрамонаи пеш аз арӯсӣ барои духтарон айб дониста мешавад ва дар ҳолатҳое, ки ноболиғон ба чунин кор мераванд, талош мешавад ин ҳодиса ба хотири пешгирӣ аз шармсории духтар пинҳон монад. Чун барои барпо кардани оила барои як духтари суннатӣ дар Тоҷикистон мавзӯи бокирагӣ хеле муҳим мешавад.

Мақомот мегӯянд, ки бори аввал нест нисбати Муҳаммадалӣ Маниёзов, мудири тавллудхонаи Ҳамадонӣ парванда боз мекунад. Соли 2005 додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ Муҳаммадалӣ Маниёзовро бо ду модда, 324, қисми 1 ва 123 қисми 1 гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати ду солу шаш моҳ аз иҷро вазифаҳои давлатӣ маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG