Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остонаву Душанбе сафоратхонаҳои нав бунёд мекунанд


Вакилони парлумони Қазоқистон созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро ба тасвиб расониданд, ки бар асоси он барои бунёди сафоратхонаҳои ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад. Дар ин бора рӯзи 7 март оҷонсии Регнум бо такя ба ҳарфҳои вазири умури хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов хабар медиҳад.

Созишномаи байниҳукуматӣ ҷудо кардани 1 гектар заминро дар ҳудуди пойтахтҳои ду кишвар – Остонаву Душанбе дар назар мегирад ва ин замин бар ивази маблағи рамзии 1 танга ва 1 сомонӣ ба иҷора дода мешавад. Қитъаи замине, ки барои бунёди намояндагии дипломатии кишвари ҳамсоя дода мешавад, наметавонад ба фурӯш ваё иҷора гузошта шавад, ин замин аз пардохти молиёт ҳам озод аст. Тамоми хароҷоти сохтмони намояндагии дипломатиро ҳар кишвар аз будҷаи худаш пардохт мекунад.

Зимнан, рӯзи 14 март қарор аст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Қазоқистон парвоз кунад. Рӯзи баъдиаш дар Остона форуми сарони кишварҳои минтақа баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG