Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзимуродовро пеш аз муҳлат аз зиндони Узбекистон озод карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Юсуф Рӯзимуродов, журналист ва фаъоли ҳизби мухолифи Эрк”, пеш аз муҳлат аз зиндон озод. Рӯзимуродови 54-соларо нуздаҳ сол боз дар яке аз маҳбасҳои Чирчиқи Узбекистон нигоҳ медоштанд.

Қарори озодии Юсуф Рӯзимуродов моҳи феврали имсол содир шудааст. Исмоил Одилов, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тошканд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “журналист Рӯзимуродов, ки соли 1999 зиндонӣ шуда буд, пеш аз муҳдат аз зиндон раҳо шуд. Ба қавли наздиконаш, феълан ӯ худро хуб эҳсос мекунад.”

Юсуф Рӯзимуродов пас аз таркиши 16-уми феврали соли 1999 дар Тошканд боздошт ва бар асоси чаҳор банди қонуни ҷиноии Узбекистон зиндонӣ шуд. Додгоҳи вилояти Тошканд дар аввал ӯро ба 15 соли зиндон маҳкум кард ва сипас бо изофаи айбҳои дигар муҳлати зиндонашро дароз намуд.

XS
SM
MD
LG