Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин мушакҳояшро ба намоиш гузошт


Паёми солонаи Владимир Путин
Паёми солонаи Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбеи 1-уми март гуфт, ки дар сурати ҳамлаи атомӣ ба ин кишвар ё муттаҳидонаш, Русия билофосила посух хоҳад дод.

Оқои Путин, ки дар Шӯрои федеролӣ дар мавриди стратегияи атомии кишвараш суҳбат мекард, гуфт, "мо ҳар гуна истифода аз силоҳҳои атомӣ алайҳи Русия ё муттаҳидонашро ҳамлаи атомӣ ба хоки Русия шуморида, билофосила посух хоҳем дод."

Суханронии солонаи Путин дар порлумони он кишвар маъмулан дар моҳи декабр баргузор мешавад. Бархе аз таҳлилгарон ба ин бовар ҳастанд, ки Путин аз баргузории ин суханронӣ дар моҳи март, барои таблиғоти интихоботӣ истифода кардааст.

Раиси ҷумҳури Русия дар ин суханронии худ эълом кард, ки кишвараш маҷмӯае аз силоҳҳои ҳастаӣ ва аз ҷумла як мушаки байниқоравиро озмоиш кардааст.

Ин мушаки дурпарвоз ба гуфтаи Путин "Сармат" ном дошта ва беш аз 200 тонна вазн дорад. Путин бо баёни ин, ки бурди ин мушак аз сомонаҳои пешин бештар аст, гуфт, "ҳеҷ сомонаи зиддимушакӣ наметавонад онро раҳгирӣ кунад."

Киштиҳои зериобии бидуни сарнишин, ки қобилияти ҳамли бомбаҳои атомиро доранд, аз дигар силоҳҳое буд, ки Владимир Путин корбарии онро дар артиши Русия эълом кард.

Вай хуруҷи Амрико аз паймони мушаки зиддибаллистикӣ дар соли 2002-ро сабаби навсозии аслиҳаи Русия хонд ва гуфт, "онҳо гумон мекарданд, ки мо ҳаргиз қодир нахоҳем буд, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва низомӣ эҳё шавем. Ба хотири ҳамин моро ҷиддӣ намегирифтанд."

Паёми Путин оғози сабқати нави таслиҳот аст ва ё тарғиботи пешазинтихоботӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Суханони раиси ҷумҳури Русия бо интиқодҳои байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст. Сухангӯи ҳукумати Олмон гуфт, ки садри аъзами ин кишвар Ангела Меркел ва президенти Амрико Доналд Трапм рӯзи якуми март зимни гуфтугӯи телефонӣ аз изҳороти ахири Путин дар робита аслиҳаи нави Русия, нигаронӣ карданд.

Ин суханони Путин дар ҳоле баён шуд, ки вазорати дифои Амрико дар моҳи январ Чин ва Русияро "чолиши аслӣ барои шукуфоӣ ва амният"-и Амрико дар соли 2018 дониста буд.

Ҷим Меттис, вазири дифои Амрико.
Ҷим Меттис, вазири дифои Амрико.

Ҷим Меттис, вазири дифои Амрико ҳангоми ироаи стратегияи дифоии Амрико дар соли 2018 эълом кард, ки дигар Амрико ҳамчун гузашта дар замин, баҳр ва фазо ва фазои кибернетикӣ берақиб нест. Ба гуфтаи Ҷим Меттис, чолишҳои навини Амрико дар марҳилаи аввал аз ҷониби қудратҳои бузург аст, на терроризм.

Суханронии солонаи Путин дар порлумони он кишвар маъмулан дар моҳи декабр баргузор мешавад. Бархе аз таҳлилгарон ба ин бовар ҳастанд, ки Путин аз баргузории ин суханронӣ дар моҳи март барои таблиғоти интихоботӣ истифода кардааст. Владимир Путин ширкат дар мунозираи телевизионӣ бо дигар номзадҳоро напазируфтааст.

Қарор аст интихоботи президентии Русия рӯзи 18-уми март дар чаҳорумин солгарди ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба қаламрави он кишвар, баргузор шавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин тасмими Маскавро маҳкум карда, алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG