Муовини раиси шабакаи телевизионии RTVI Экатерина Котрикадзе аввалин хабарнигорест, ки дар бораи дастдарозии депутати порлумон аз Ҳизби ЛДПР, Леонид Слутский, ошкоро нақл кард. Рӯзи гузашта се хабарнигори дигар, ки таҳаввулоти порлумонро пӯшиш медоданд, ба телевизиони "Дожд" гуфтанд, ки Слутский ба домани онҳо низ дастдарозӣ кард.
Ба гуфтаи Котрикадзе, ҳафт сол пеш, вақте ӯ дар телевизиони Гурҷистон кор мекард, барои сӯҳбат бо Слутский вақт гирифт. Аммо депутат хабарнигорро ба дафтараш даровард, дарро баст ва хост ӯро бибӯсад. Котрикадзе гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз оқибатҳои нохуш, он замон ин ҳодисаро ошкор накард.
Худи Слутский хабари "Дожд" -ро дар бораи озори ҷинсии хабарнигорон "сафсата" хонд ва қавл дод, ки телевизионро ба додгоҳ мекашад. Ҷиноҳи ЛДПР дар порлумон гуфт, масъалаи лағви аккредитасияи хабарнигори "Дожд"-ро матраҳ мекунад, ки дар бораи дастдарозии Слутский ба журналистҳо гузориш дод.