Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурии Чех раҳбари ҷомеаи Курдҳои Сурияро озод кард


Сарбозони пулиси Чех Солеҳ Муслиро ба додгоҳ мебаранд. 27 феврал, 2018

Мақомоти Ҷумҳурии Чех раҳбари шинохташудаи ҷомеаи Курдҳои Сурияро, ки охири ҳафтаи гузашта боздошт шуда буд, озод карданд.

Додгоҳи шаҳри Прага рӯзи 27 феврал, сарфи назар аз дархости Туркия, Солеҳ Муслим, ҳамраиси пешини ҳизби Иттиҳоди Демократии Курдҳоро озод кард.

Даҳҳо ҷинибдори Муслим дар беруни додгоҳ ҷамъ омада, озодии ӯро талаб карданд. Ҳудуди 200 нафар рӯзи 26 феврал бо чунин талаб дар Прага ҷамъ омаданд.

Солеҳ Муслим рӯзи 24 феврал бо дахости Туркия аз Интерпол дар пойтахти Ҷумҳурии Чех боздошт шуд.

Анкара ӯро ба "шикастани ваҳдати давлат ва кишвар" ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам кардааст. Туркия ҳизби Иттиҳоди Демократии Курдҳоро "гурӯҳи террористӣ" меномад.

Солеҳ Муслими 67-сола соли гузашта аз мақоми ҳамраиси ҳизб истеъфо дод, аммо аз шахсони бонуфӯз шинохта мешавад.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG