Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти боздошти вакили қирғиз дар телевизионҳои Қазоқистон


Саҳнаи боздошти вакили қирғиз дар Қазоқистон
Саҳнаи боздошти вакили қирғиз дар Қазоқистон

Телевизиони КТК-и Қазоқистон дар бораи боздошти қочоқбарон, аз ҷумла вакили порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулу, гузориш нашр кард.

Хабарнигори телевизион бо такя ба иттилои тафтишот вакили боздоштшудаи қирғизро "роҳбари гуруҳи ҷиноии байналмилалӣ унвон кард, ки бо давр задани сарҳадбонон ва гумрукчиён аз Чин ба Қазоқистону Русия мол қочоқ мекард".

Дар барномаи телевизион гуфта шуд, ки сиёсатмадори қирғиз дар як тарабхонаи Алмато ҳамроҳ бо дӯсташ аз Қирғизистон - тоҷир Уланбек Муродилов боздошт шуд. Сарҳадбони қазоқ Емилбек Кочарбоев низ ҳамроҳи онҳо буд.

Бино ба гузориши телевизион, ҷинояткорони соҳибнуфуз дар гузаргоҳҳои марзӣ одамони худро доранд. Сарҳадбонону гумрукчиён аз мукофоти қочоқбарон соҳиби сарвати зиёд шудаанд.

15-16 феврал дар як амалиёти махсус дар Қазоқистон 29 одамро боздошт карданд. Миёни онҳо се шаҳрванди Қирғизистон, бо шумули вакили порлумон Дамирбек Асилбек уулу низ ҳаст. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки вакили порлумони қирғиз ҳамзамон шаҳрвандии Қазоқистонро дорад.

XS
SM
MD
LG