Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба даҳҳо зани норозӣ аз ҳиҷоб дар Эрон зиндон таҳдид мекунад


Як зани эронӣ ба нишони эътироз ба рӯсарӣ, рӯймолашро парчам кард
Як зани эронӣ ба нишони эътироз ба рӯсарӣ, рӯймолашро парчам кард

Созмони ҳуқуқи башари Афви Байналмилалӣ рӯзи 27-уми феврал гуфт, даҳҳо зани эронӣ, ки баъди эътироз зидди ҳиҷоби иҷборӣ боздошт шуданд, эҳтимол ҳукми зиндон бигиранд. Пештар мақомоти Эрон занҳоеро боздошт карданд, ки дар кӯчаҳо бо нишони эътироз ҳиҷобашонро аз сар кашида буданд.

Пулиси Эрон дар як изҳороти расмӣ рӯзи 23-юми феврал эълон кард, занҳое, ки зидди қонун эътироз мекунанд, бо банди қонун дар бораи "ташвиқ ба фасодкорӣ ва фоҳишагӣ" айбдор хоҳанд шуд. Ин банд то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Афви Байналмилал мегӯяд, тасмими пулис даҳҳо занро бо хатари зиндонӣ шудан рӯ ба рӯ кардааст. Ба қавли масъулони созмон, аз моҳи декабри соли гузашта танҳо дар шаҳри Теҳрон беш аз 35 зан бо гумони ширкат дар эътирозҳои зидди ҳиҷоб боздошт шуд.

Ҳафтаи гузашта дар Теҳрон ду зани дигарро дастгир карданд.

Дар Эрон баъди инқилоби исломии соли 1979 пӯшидани ҳиҷоб барои занҳо ҳатмӣ шуд. Занҳо вазифадоранд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мӯи сар ва тамоми баданашонро бипӯшонанд.

XS
SM
MD
LG