Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҷойи Русияро дар бозори нафти хом танг мекунад


Лӯлаҳои нафткашии ИМА дар Калифорния
Лӯлаҳои нафткашии ИМА дар Калифорния

Оҷонси байналмилалии энерҷӣ мегӯяд, то соли 2019 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Русия, яке аз тавлидкунандагони асосии нафти хом дар ҷаҳон, пеш мегузарад.

Мудири иҷроияи Оҷонсӣ Фатиҳ Бирол ин мавзӯъро рӯзи 27-уми феврал дар нишасти Токио дар ҳоле шарҳ дод, ки танҳо соли гузашта истеҳсоли нафти Амрико рӯзона ба беш аз 10 миллион бушка расид ва бори аввал аз соли 1970 Амрико аз Арабистони Саудӣ, содиркунандаи аслии нафт, пеш гузашт.

Идораи иттилооти энерҷии ИМА мегӯяд, то охири соли 2018 истеҳсоли нафт дар Амрико аз марзи 11 миллион бушка дар рӯз мегузарад. Истеҳсоли рӯзонаи Русия аз ин камтар аст.

Истеҳсоли нафти Амрико дар ин ҳудуд ба марҳилае рост омад, ки содиркунандаҳои аслӣ ба хотири нигаҳ доштани нарх истеҳсоли нафтро коҳиш доданд.

Бахши умдаи нафти Амрико бо маҳдуд кардани ҳиссаи ОПЕК ва Русия ба хориҷ содир мешавад.

Бирол ба хабаргузории Reuters гуфт, дар чаҳор-панҷ соли оянда истеҳсоли нафти хом дар Амрико коҳиш намеёбад.

XS
SM
MD
LG