Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҷаев бо гумони омодагӣ ба амали террористӣ дар Русия боздошт шуд


Додгоҳи ноҳияи Калининскии шаҳри Санкт-Петербург ҳукм кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон Аминҷон Хоҷаев аз рӯи иттиҳоми терроризм ба ҳабси муваққаттӣ гирифта шавад. Хоҷаев то 21 апрел дар ҳабс мемонад. Дар ин бора рӯзи 26 феврал сухангӯи низоми додгоҳии Санкт-Петербург хабар дод. Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Хоҷаев барои “омодагӣ ба анҷоми фаъолияти террористӣ” гумонбар дониста мешавад. Дафтари намояндагии Хадамоти федеролии амният дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград рӯзи 22 феврал гуфт, ки дар ҳудуди шаҳр марде аз табааи Осиёи Марказӣ боздошт шудааст, ки мехост ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад. Ин хадамот гуфт, ки гӯё Хоҷаев мехост “дар сохторҳои нақлиётӣ ва дар макони серодам” ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG