Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Доктор Абдулло бо муҳофизаш дар Кобул кушта шуд


Нерӯҳои амниятии Афғонистон ҳангоми амалиёт. Акс аз бойгонӣ
Нерӯҳои амниятии Афғонистон ҳангоми амалиёт. Акс аз бойгонӣ

Вазорати дохилии Афғонистон гуфт, ки як узви пешини порлумони кишвар бо муҳофизаш дар Кобул ҳадафи тир қарор гирифт. Сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон Наҷиб Дониш гуфт, ки Рафиуллоҳ Гул Афғон ва муоҳифзи ӯ бегоҳи 24 феврал дар ҳоле кушта шуданд, ки гурӯҳи ношиноси дар минтақаи Хайр Хонаи Кобул ба сӯи мошини онҳо тир кушод.

Дониш гуфт, ки ҳамлагарон аз саҳнаи ҷиноят фирор карданд. Парванда таҳти бозҷӯии пулис қарор дорад.

Рафиуллоҳ Гул Афғон ноиби пешини раиси палатаи болоии порлумон ва чанде пеш мушовири Доктор Абдулло - Раиси иҷроияи Ҳукумати Афғонистон буд. Масъулияти куштори ӯро ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG