Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози бунёди эстакадаи дувум дар Душанбе


Аз 26-уми феврали соли 2018 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути чорроҳаи мавсум ба “Қарияи Боло” дар шаҳри Душанбе, мутаввақиф шуд. Масъулони шаҳрдории Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин маҳалла дар чаҳорчӯби тарҳи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, роҳи нави сетабақа бунёд карда мешавад.

Ҳамзамон муҷассамаи Абӯалӣ Ибн Сино, ки феълан дар маҳалли ин ҷаҳорроҳа қарор дорад, ба наздики бинои нави Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад. Ба гуфтаи масъулони шаҳрдории Душанбе, сохтмони роҳи нави сетабақа дастикам ду сол идома меёбад.

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба ронандаҳо машварат додааст, ки барои расидан аз маҳаллаи Зарафшон ба маркази шаҳри Душанбе аз роҳи мошингарди паҳлӯи Боғи ҳайвонот ва маҳаллаи мавсум ба “Калинин”-и пойтахти Тоҷикистон истифода кунанд.

Ин дар ҳолест, ки сохтмони нахустин роҳи сетабақа дар Тоҷикистон дар маҳаллаи мавсум ба микрорайони 82-и шаҳри Душанбе тақрибан анҷом ёфтааст. Ин роҳ низ тақрибан муддати ду сол аз сӯи роҳсозони чинӣ бунёд шуд ва ҳоло танҳо марҳилаи мумфаршсозии ин ҷода боқӣ мондааст.

Арзиши бунёди ду чорчӯи сетабақа дар шаҳри Душанбе 38 миллион доллар мебошад, ки 35 миллиони он қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 3 миллиони дигар, кӯмаки фаннии ҳамин бонк аст.

Видеоҳои охирин

Як автобуси ҳомили муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон дармонд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:46 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG