Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди лағви мӯҳлати президентӣ дар Чин


 Ши Ҷинпинг дар Анҷумани Ҳизби Коммунист дар моҳи октябри соли 2017
Ши Ҷинпинг дар Анҷумани Ҳизби Коммунист дар моҳи октябри соли 2017

Ҳизби Коммунисти Чин пешниҳод кардааст, ки мӯҳлати президентӣ аз байн бардошта шавад. Пешниҳоде, ки ба Ши Ҷинпин, раиси ҷумҳури феълӣ имкон медиҳад, баъди соли 2023 ҳам дар қудрат бимонад. Дар ин бора хабаргузории Синхуа рӯзи 25-уми феврал хабар дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, Ҳизби Коммунистӣ пешниҳод кардааст, ки аз Қонуни асосӣ, ин ҷумла, ки раиси ҷумҳур ва муовинаш “наметавонанд бештар аз ду давра хидмат кунанд”, бардошта шавад.

Кумитаи марказии ҳизб ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки “Афкори Ши Ҷинпинг дар бораи сотсиалим бо вижагиҳои чинӣ дар аҳди нав” дар Қонуни асосии Чин ворид карда шавад. Ши Ҷинпинги 64-сола. соли 2012 раиси ҷумҳур интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG