Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Русия, Эрон ва Сурия масъули “расвоии башарӣ” ҳастанд


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – бо интиқод аз Русияву Эрон ва Сурия, онҳоро масъули "расвоӣ" ё "шармандагии башарӣ" дар Сурия донист.

Трамп рӯзи 23-юми феврал дар як нишасти матбуотӣ дар Кохи Сафед гуфт, “ҳар ончи Русияву Эрон вақтҳои охир дар Сурия карданд, ин шармандагии башарӣ буд. Ман бояд инро ба Шумо гӯям. Ҳузури мо дар онҷо танҳо як сабаб дорад: Шикасту халосӣ аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва бозгашт ба хона. Ҳузури мо дар онҷо баҳонаи дигаре надорад. Мо то ҳадди зарурӣ ба ҳадафи худ расидем. Аммо ончи ин се кишвар дар як муддати кӯтоҳ бо одамон карданд, шармандагӣ аст”.

Ин суханони президенти Амрико дар ҳолест, ки интизор меравад, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 24-уми феврал қатъномаеро дар мавриди оташбаси якмоҳа дар Сурия қабул кунад. То шароит барои расондани кумакҳои башардӯстона ва интиқоли сокинони маҷруҳ дар минтақаи Ғутаи Шарқӣ фароҳам шавад.

Дар назар буд, ин раъйдиҳӣ рӯзи 23-юми феврал сурат гирад, вале ҳадди ақал ду дафъа ба таъхир афтод. Русия қаблан мухолифаташро бо ин қатънома иброз карда ва гуфта буд, "он ғайривоқеӣ аст".

Эмануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Маркел, садри аъзами Олмон аз Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – хостанд, ки аз ин қатънома ҳимоят кунад ва ба ҳукумати Сурия, муттаҳиди Маскав, фишор орад, то бомбаборони Ғутаи Шарқиро бас намояд.

Шоҳидон гузориш додаанд, ки рӯзи ҷумъа дар Ғутаи Шарқӣ мавҷи тозаи бомбаборон сурат гирифтааст. Бино ба гузоришҳо, тайи тақрибан ҳашт рӯз дар ин минтақа беш аз чаҳорсад нафари мулкӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG