Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати сокини 61-солаи Хуҷанд аз зарбаҳои писараш


Як сокини шаҳри Хуҷанд ба гумони латту кӯби падари 61-солааш, ки боис ба марги дувумӣ шуд, боздошт гардидааст.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал гуфтанд, ин сокини 29-сола ҳангоми ҳодиса сархуш буд. Аммо ному насаби гумонбар ва падари ӯ ошкор нашудааст.

Ба иттилои мақомот, ин сокини шаҳри Хуҷанд шаби 21-уми феврал бо падараш вориди муноқиша шуда, ба сари ӯ бо миз задааст. “Сипас, сари падарашро ба девори назди тиреза задааст. Дар натиҷа, марди 61-сола бо ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - гуфтанд дар Вазорати умури дохилӣ.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Моҳи сентябри соли гузашта мақомоти умури дохилӣ аз ду ҳодисаи марги падарон ба дасти писарон хабар дода буданд. Яке аз ин ҳодисаҳо дар ноҳияи Ашт ва дигаре дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG