Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷорҳо дар пойтахти Сомалӣ ҷони 18 нафарро рабуд


Пулиси Сомалӣ гуфт, ду мошини ҳомили бомб рӯзи 23-юми феврал дар Могадишо таркид ва ҳадди ақал 18 кушта бар ҷо гузошт.

Гурӯҳи ифротии “Аш-Шубоб”, ки бо шабакаи “Ал-Қоида” иртибот дорад, масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Пулис ва хадамоти “Ёрии таъҷилӣ” гуфтанд, ки ҳангоми инфиҷор дар наздикии манзили раиси ҷумҳурӣ тирандозӣ ҳам сурат гирифтааст. Абдуқодир Абдураҳмон, раиси идораи “Ёрии таъҷилӣ” ба оҷонси хабарии “Ройтерс” гуфтааст, “мо имшаб аз маҳалли таркишҳо 18 кушта ва 20 захмиро интиқол додем.”

Дар натиҷаи инфиҷори чаҳор моҳи қабл як мошини борбари ҳомили бомба дар Могадишо беш аз 500 нафар ҷон бохта буд, ки маргбортарин таркиш дар таърихи Сомалӣ гуфта шудааст.

Гурӯҳи “Аш-Шубоб” талош дорад, ки ҳукумати Сомалиро суқут диҳад. Ин гуруҳ дар шӯриши даҳсолаи худ дар Сомалӣ ҳазорон нафар аз мардуми ин кишвар, бахусус садҳо ғайринизомиро дар шарқи Африқо куштааст.

XS
SM
MD
LG