Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни рус Амрикоро мутақоид карданд, ки русҳо дар Дайр аз-Зур нестанд


Бомбаандози B-52-и Амрико
Бомбаандози B-52-и Амрико

Қабл аз даргирии рӯзи 7 феврал дар минтақаи Дайр аз-Зури Сурия, низомиёни Русия намояндагони Амрикоро, ки бо онҳо дар тамос шуданд, мутақоид карданд, ки дар ҳамла ба мавқеи шарикони Амрико русҳо ҳузур надоранд.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе намояндаи Пентагон Дана Уайт хабар дод. Гурӯҳе, ки ба мавқеи шарикони Амрико ҳамла кард, ба зарбаҳои ҳавоии ҳавоӣ рӯ ба рӯ шуда ва дар натиҷа аз даҳҳо то садҳо нафар, бо шумули шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Русия ҷангии кирояи ширкати низомии хусусии "Вагнер" буданд.

"Мо аз хати алоқаи мавҷуд барои ҷилавгирӣ аз низоҳо, то саршавии ҳамлаи ҳавоӣ ва баъди он истифода кардем. Русҳо моро мутақоид карданд, ки онҳо дар ин ҳамла иштирок надоранд." гуфт Дана Уайт. Ба гуфтаи ӯ, низомиёни Амрико ҳоло ҳам намедонанд, ки гурӯҳи ҳамлагар ба мавқеи шарикони ИМА кӣ буд. Танҳо маълум аст, ки ин гурӯҳ аз Башор Асад тарафдорӣ мекард.

Нашрияи Вашингтон Пост рӯзи 23 феврал навишт, ки дар барномарезии ин ҳамла Евгений Пригожин- дӯсти наздики президент Владимир Путин даст дорад. Гуфта мешавад, ки ширкати "Вагнер"-ро Пригожин бо дархости як вазири Русия, барои ҳалли сареи масъалаи Сурия, ташкил кардааст. Ҷониби Русия то ҳол ба навиштаҳои Вашингтон вокуниш накардааст.

XS
SM
MD
LG