Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Татбиқи тарҳи лӯлаи гази ТАPI дар Афғонистон шурӯъ шуд


Тарҳи лӯлаи гази ТАПИ. 23, 2018
Тарҳи лӯлаи гази ТАПИ. 23, 2018

Раҳбарон ва мақомоти аршади Афғонистон, Туркманистон, Покистон ва Ҳиндустон рӯзи 23 феврал оғози татбиқшавии тарҳи лӯлаи бисёр миллиардии TAPI, дар қиссмати Афғонистонро эълон карданд, ки қарор аст ниёзҳои минтақа ба энерҷиро бароварда созад.

Раисони ҷумҳури Афғонистон Туркманистон - Ашраф Ғанӣ ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, якҷо бо нахуствазири Покистон Шоҳид Ҳақон Аббосӣ ва М.Ҷ. Акбар вазири давлатӣ дар умури масоили хориҷии Ҳиндустон, дар маросими гузоштани хишти аввали лӯлаи гази табии ТАPI, дар шаҳри Ҳирот, иштирок карданд.

"Галкиниш" дуюмин бузургтарин захирагоҳи гази табии дар ҷаҳон аст, ки аз тарақи лулаи ТАPI мегузарад,- гуфт Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тавасути конфронси видеоӣ ба хабарнигорон, ки дар марзи Туркманистон бо Афғонистон ҷамъ шуданд.

Туркманистон аз ҷиҳати дороии гази табии дар ҷаҳон ҷойи чаҳорумро дорад ва баъди коҳиши содироти гази Русия, шадидан вобастаи содирот ба Чин шудааст.

XS
SM
MD
LG