Пайвандҳои дастрасӣ

Наврӯз бренди сайёҳӣ шуд


Дар Душанбе рӯзи 22 март ҷашнвораи “Наврӯз - мероси фарҳангии сайёҳӣ” баргузор мешавад. Хабаргузории “Ховар” навишт, ки ин маърака бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳамзамон мири шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҷашни Наврӯз ба унвони бренд ё рамзи сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳонгардони хориҷии меҳмони Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.

Дар чаҳорчӯби ин барнома ширкатҳо имкониятҳои туристии худ ва ҳунармандон маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо мегузоранд. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода гуфтааст, ки аз ин ба баъд тасмим шуд ташкили ҷашни Наврӯз ҳамчун барномаи доимии ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон барпо шавад.

Ҷашни Наврӯз ҳар сол дар Тоҷикистон шурӯъ аз 20 март таҷлил мешавад ва ба ин муносибат сокинони кишвар чор рӯзи истироҳати расмӣ доранд.

Бо ташаббуси Тоҷикистон, ЮНЕСКО - дафтари илму фарҳанг ва маорифи СММ ба Наврӯз мақоми байналмилалӣ додааст.

Видеоҳои охирин

Пирӯзии Никол Пашинян дар интихоботи Арманистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:44 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG