Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қатъномаи сулҳи СММ дар умури Сурияро напазируфт


Фирор аз Ғутаи Шарқӣ
Фирор аз Ғутаи Шарқӣ

Русия қатъномаи сулҳи 30-рӯзаи Сурияро, ки шаби 22 аб 23-юми феврал дар Шӯрои амнияти СММ баррасӣ шуд, рад кард. Сафири Русия дар СММ Василий Небензия лоиҳаи пешниҳодии Шветсия ва Кувайтро "ғайривоқеӣ" номид.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, низ пештар ин лоиҳаро танқид карда буд. Ӯ гуфт, набояд бо гуруҳҳое созиш кард, ки Русия онҳоро террористӣ эътироф кардааст.

Дар байни ин гуруҳҳо - мухолифони режими президенти Сурия Башор Асад дар Ғутаи Шарқӣ, наздикии Димишқ низ ҳастанд. Маҳз бомбаборони ин минтақа боис ба баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ гардид.

Мухолифони Сурия ва созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ мегӯянд, дар натиҷаи бомбаборон шумори зиёди аҳолии осоишта кушта шудааст. Ҳизер Нойерт, намояндаи Департаменти давлатии ИМА, масъулияти кушторҳои Ғутаи Шарқиро бар дӯши Макав гузошт.

"Агар Русия режими Сурияро пуштибонӣ намекард, ин хунрезиҳо ҳам сурат намегирифт", - гуфт Нойерт.

Дар ҳоле ки намояндагони Ғарб аз эҳтимоли ҳамлаҳои нав ба Ғутаи Шарқӣ аз сӯи артиши Сурия изҳори нигаронӣ мекунанд, сафири Сурия дар СММ тасдиқ кард, ки Башор Асад маҳз ҳамин нақшаро пайгирӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG