Пайвандҳои дастрасӣ

Ронандаи узбек дар Петербург то дами марг латтукӯб шуд


Дар шаҳри Петербурги Русия марде ронандаи автобуси мусофирбар, шаҳрванди Узбекистонро то дами марг латтукӯб кард. Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", муҳоҷири узбактабор аз ҷароҳатҳои зиёд дар бемористон ҷон бохт.

Ин ҳодиса 21 феврал дар хиёбони Ленини Петербург рух дод. Ба гуфтаи шоҳидон, мусофири автобус баъд аз як баҳси лафзӣ ронандаи 49-соларо сахт латту кӯб ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард. Ронандаро ба беморхона интиқол додаанд, вале ӯ субҳи 22 феврал ҷон дод.

Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи банди "барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марг шудааст" парванда боз шуд. Гумонбар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Видеоҳои охирин

Дӯстии Украина бо Русия хотима меёбад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:36 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG