Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустабори олмонӣ муҳоҷирони афғон, суриягӣ ва ироқиро бо корд зад


Ходимони пулиси Олмон
Ходимони пулиси Олмон

Пулиси Олмон мегӯяд, ки як марди 70-солаи рустабори олмонӣ бо ҷурми ҳамла ба паноҳҷӯёни Афғонистон, Сурия ва Ироқ, боздошт шуд. Ин мард паноҳандагонро бо корд захмӣ кард ва пулис мегӯяд, ҳамла "ангезаи сиёсӣ" дошт.

Пулис рӯзи 22 феврал гуфт, ки ҳодиса рӯзи 17 феврал дар беруни калисои шаҳри Ҳеилбронн рух дод ва дар он паноҳҷӯи 17- солаи афғон, марди 25 солаи ироқӣ ва як суриягии 19- сола шадидан захмӣ шуданд.

Гумонбар, ки гӯё дар ҳоли мастӣ қарор дошт, то расидани рулис бо кӯмаки раҳгузарон безарар карда шуд.

Ӯро дар ибтидо ба "ҳамла" муттҳам карданд ва озод шуд. Аммо рӯзи 21 феврал додситон иттиҳомро ба "ҷиноят бо ангезаҳои сиёсӣ" ва талоши куштор таъғир дод ва ин мард дубора таҳти боздошт қарор гирифт.

Боздошти дубораи ӯ баъди сӯҳбати пулис бо зарардидаҳо, шоҳидон ва худи гумонбар имконпазир шуд, -омадааст дар изҳороти пулис.

Гумонбар хашми худро нисбати сиёсати муҳоҷирати Олмон баён кард, ки дар чанд соли ахир миллион паноҳҷӯ ва муҳоҷирро ба кишвар роҳ дод.

XS
SM
MD
LG