Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Republic: Теъдоди ҷангиёни "Вагнер" дар Сурия 3602 нафар аст


Сарбози рус дар Сурия
Сарбози рус дар Сурия

То моҳи феврали соли равон теъдоди ҷангиёни кирояи рус дар ширкати хусусии низомии "Вагнер" 3602 нафар буд. Дар ин бора сомонаи Republic рӯзи 21-уми феврал бо такя ба манбаъҳояш хабар дод.

Маълум нест, ки аз ин теъдод чанд нафар кушта шуд. Аммо матбуот хисороти "Вагнер"-ро аз даҳҳо то садҳо нафар ҳисоб мекунад.

Харҷи молии ин ширкати низомии хусусӣ дар ду соли ахир, ба гуфтаи Republic, беш аз 16 миллион рубл буд. Ба ин маблағ маоши ҷангиҳо, ҷуброни хисороти ҷисмонӣ, кумакҳои молӣ ба хонаводаи қурбониён, таъмини ғизо ва сарулибос шомил мешавад.

Матбуот мегӯяд, ин ширкати хусусии низомӣ аз тарафи соҳибкор Евгений Пригожин, ки ӯро дӯсти президент Владимир Путин мегӯянд, таъмини молӣ мешавад.

7-уми феврал ҷангиёни "Вагнер" дар минтақаи Дайр аз-Зур таҳти ҳамлаи эътилофи зиддитеррористии ИМА қарор гирифтанд. Теъдоди ҷангиёни рус, ки дар ин ҳамла кушта шудаанд, маълум нест. Маскав танҳо ҳалокати панҷ нафари онҳоро тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG