Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз бомбаборони пурқурбонӣ дар Сурия пуштибонӣ кард


Захмиҳои шарқӣ

Маскав аз бомбаборони ҳавопаймоҳои Сурия ва Русия дар канораҳои Димишқ, ки ба гуфтаи нозирони мустақил дар ду рӯз дастикам 250 сокини мулкиро кушта ба ҷой гузошт, пуштибонӣ кард.

Рӯзи 20 феврал дар пасманзари нороҳатӣ ва нигаронии шадиди Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои Ғарбӣ аз ҳамлаи ахир, ки даҳҳо кӯдакро қурбон кард, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки ин ҳамла тавҷеҳ дорад. "Ҳеҷ монеа наметавонад ҷанг бо террооризмро маҳдуд кунад",- гуфт Лавров дар Маскав.

Созмони Милали Муттаҳид, Ийолоти Муттаҳида, кишварҳои Аврупо ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳамлаи густардаи нерӯҳои ҳавоии Русияву Сурия ва хисороти зиёди ҷонии аҳолии мулкӣ дар ду шабонарӯзи гузаштаро маҳкум карданд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 17-уми декабри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG