Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Ҷонсон Брекзитро "девонахона" номид


Борис Ҷонсон
Борис Ҷонсон

Вазири корҳои хориҷии Британия Борис Ҷонсон Брекзитро "девонахона" номид. Дар ин бора нашрияи The Telegraph рӯзи 20 феврал бо такя ба манобеи Иттиҳоди Аврупо гузориш дод. Гуфта мешавад, ки Ҷонсон ин ҳарфро дар сӯҳбат бо мансабдорони Олмон гуфтааст.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои нашрия, манзури вазири корҳои хориҷии Британия раванди гуфтушунид бо Иттиҳоди Аврупо буд, на қарори британиягиҳо барои берун шудан аз Иттиҳод.

Тобистони соли 2016 сокинони Британия барои хориҷ шудани кишварашон аз Иттиҳоди Аврупо овоз доданд. Шоҳигарии Британия, ки соли 1973 ба Иттиҳоди Аврупо шомил шуда буд, аввалин кишварест, ки аз ин сохтори сиёсиву иқтисодӣ берун меравад. Ҷонсон аз тарафдорони Брекзит буд ва баъди реферундуми соли 2016 вазири корҳои хориҷии Британия шуд.

Дар ҷараёни музокироти Брекзит, Лондон ва Брюссел дар масъалаи ҳуқуқи шарҳрвандони Иттиҳоди Аврупо, ки дар Британия зиндагӣ мекунанд, масъулияти молии Лондон, ва мақоми марзи байни Ҷумҳурии Ирландия ва Ирландияи Шимолӣ, ба созиш расиданд.

Равобити тиҷоратии Британия ва Иттиҳоди Аврпуо ва шартҳои даври гузариш, ки аз соли 2019 то 2021 давом мекунд, аз масоили баҳснок боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG