Пайвандҳои дастрасӣ

Шарқи Туркманистон 1 моҳ аст, ба сафари президент омодагӣ мебинад


Минтақаи шарқии Туркманистон аллакай як моҳ мешавад, ба сафари президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов омодагӣ мебинад. Пештар манобеи Радиои Озодь хабар дода буданд, ки тадобири амниятӣ дар ин минтақа пурзӯр шудааст.

Бино ба хабарҳо, санҷиши фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ, мусодираи муваққати силоҳҳои шикорӣ аз сокинон, корҳои ободонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои марказии вилояти Лебап идома доранд. Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, интизор меравад, президент Бердимуҳаммадов дар ҷараёни ин сафараш ба вилояти Лебап дар маросими ифтитоҳи фурудгоҳи шаҳри Туркманобод иштирок кунад.

Манобеъ мегӯянд, кормандони корхонаҳое, ки қарор аст президенти Туркманистон 25 феврал аз онҳо боздид кунад, аз соати 11-и шаб ба кор мебароянд. "Онҳо аз субҳ то нисфирӯзӣ меистанд ва сокинон аз соати 14:00 то бегоҳ хоҳанд истод", - гуфтанд онҳо.

Иштирокдорони маросимҳои мазкур ҳамчунин вазифадоранд, ки талаботи марбут ба симои зоҳирии худро низ иҷро кунанд. Қисми асосии либоси шахсоне, ки президентро пешвоз мегиранд, бояд сафед бошад.

Видеоҳои охирин

Пирӯзии Никол Пашинян дар интихоботи Арманистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:44 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG