Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хисороти русҳо ва собиқ шӯравиҳо дар Сурияро эътироф кард


Сергей Лавров

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтанд, "даҳҳо" шаҳрванди ин кишвар ва кишварҳои Шӯравии собиқ, ки бахши нерӯҳои низомӣ набуданд, дар даргирии чанде пеш, бо нерӯҳои таҳти назорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Сурия ҷароҳат бардоштанд.

Изҳороти рӯзи 20-уми феврали Вазорати корҳои хориҷии Русия, аввалин эътирофи хисороти вазнини зархаридони Русия дар задухӯрдҳои нобаробари вилояти Идлиби Сурия аст, ки рӯзи 7-уми феврал ҷараён гирифт.

Изҳорот дар бораи ҷангҷӯёни кушташудаи рус дар Сурия маълумоти нав надод.

Рӯзи 15-уми феврал сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова теъдоди кушташудаҳоро панҷ нафар хонд, ки аз ончӣ гузоришҳо мегӯянд, фарсахҳо камтар аст.

Дар якчанд рӯзи ахир расонаҳо, пажуҳишгарон, хешу табор ва ҳамкорони сарбозони кирояи рус гуфтанд, дар ҷараёни даргирии рӯзи 7-уми феврал дар Сурия эҳтимол даҳҳо ва ҳатто садҳо нафар ҳалок шудааст.

Видеоҳои охирин

Шавқу рағбати наврасони тоҷик ба бейсбол
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG