Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷику аврупоӣ Стратегияи миллиро баррасӣ карданд


Ҳидоят Бишчевич. Акс аз соли 2016

Рӯзи 20-уми феврал дар Душанбе ҷаласаи нахустини зеркумитаи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ва Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ баҳри рушд баргузор шуд.

Дар иттилоияи дафтари намояндагии ИА гуфта мешавад, ки ҷаласа сари "Стратегияи миллии рушд то соли 2030", дастгирии буҷет, идоракунии молия ва се соҳаи калидӣ - тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот тамаркуз кард. Ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва Иттиҳоди Аврупоро раҳбари намояндагии ИА дар Душанбе Ҳидоят Бишчевич раҳбарӣ карданд.

Дар ин ҷаласа муовини сардори шӯъба оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дафтари ИА Франк Ҳесс, аз ҷумла гуфт: "Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки дастгирии буҷети Тоҷикистонро идома диҳад, аммо бояд аз сиёсати макроиқтисодии кишвар, ки ба ҳифзи суботи иқтисодӣ равона карда шудааст, мутмаин бошем".

Ҷонибҳо аҳамияти стратегии ҳамкориро миёни Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистонро дар амри идомаи ислоҳот ва рушди иқтисодӣ, таҳкими амният ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъкид кардаанд. Қарор аст, рӯзи 9-уми март дар Брюссел ҷаласаи кумитаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор шавад.

Видеоҳои охирин

90 дар сади занони тоҷик аз шавҳари худ метарсидаанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG