Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон 8 хориҷиро бо гумони ҷосусӣ боздошт кард


Бурҷи телевизиони Сербистон -RTS TV

Сербистон ҳашт шаҳрванди хориҷӣ, бо шумули ду амрикоӣ ва ду украиниро бо гумони талоши аксбардорӣ аз пойгоҳи низомии воқеъ дар Белград, боздошт кард. Дар ин бора мақомоти Сербистон рӯзи 19 феврал хабар доданд.

Ба гуфтаи шабакаи телевизионии давлатӣ - RTS TV, шаҳрвандони ИМА ва Украина мехостанд бо дрон ё ҳавопамои бесарнишин, аз ситоди истихбороти Сербистон акс бардоранд. Гузориш дар бораи ҳуввияти ин нафарон маълумот надодааст ва танҳо мегӯяд, ки ду шаҳрванди украинӣ зан буда, ҳамаи онҳо таҳти боздошт қарор доранд.

Вазири дифои Сербистон Александ Вулин бо эълони боздошти ахир гуфт, ӯ намехоҳад дар парвандаи таҳти тафтиш фарзия пеш гузорад, аммо афзуд, "талоши гурӯҳи бузурги хориҷиҳо барои вуруд ба пойгоҳи низомии таҳти назорати артиши Сербистон тасодуфӣ нест".

Як шаҳрванди дигари ИМА аввали моҳ бо иттиҳоми нигаҳдории туфанги бидуни аломат боздошт шуд. Матбуоти давлатӣ навишт, ки ин мард аз сарбозони пешини нерӯҳои таъиноти махсуси баҳрии ИМА аст ва мехост ба ҷони мақоми номаълуми Сербистон суиқасд кунад.

Видеоҳои охирин

Шавқу рағбати наврасони тоҷик ба бейсбол
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG