Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Ҳилоли Аҳмар ба хона-интернатҳои Душанбе


Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон рӯзи 19-уми январ ба хона-интернатҳои шаҳри Душанбе маводи хӯрокворӣ ва таҷҳизоти варзишӣ тақдим кард. Ин кӯмакҳо аз маводи озуқаворӣ аз ҷумла 1,5 тонна орд, 150 кг биринҷ, 150 кг шакар ва 150 литр равғани растанӣ иборат буданд. Ҳилоли Аҳмар ҳамчунин ба хона-интернатҳо 50 дона тӯб, 50 адад шоҳмот, 50 адад бадминтон, 50 адад нард ва амсоли инро тақдим кард.

Ин кӯмакҳо ба “Мактаб-интернати ёрирасони №3”, муассисаи таҳсилоти асосии №4 барои кӯдакони аз оилаҳои носолим ва бепарастор, муассисаи таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин ва шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе расонида шуданд.

Ҳилоли Аҳмар ҳамзамон ба шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои Исмоилӣ Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе таҷҳизоти варзишӣ низ дастрас кард. Маркази иттилоотии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин кӯмакҳо бар асоси дархости роҳбарияти хона-интернатҳо расонида шудаанд.

XS
SM
MD
LG