Пайвандҳои дастрасӣ

ДИИШ 27 шибҳанизомии ҳукумати Ироқро ба ҳалокат расонд


Нерӯҳои вонуши сареъи Ироқ

Бар асари ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" аз камингоҳ, дастикам 27 шибҳанизомии тарафдори ҳукумат кушта шуд. Дар ин бора мақомоти Ироқ рӯзи 19 феврал хабар доданд.

Ҳамла ҳудудан ду моҳ баъди эълони пирӯзии комили ҳукумат бар ДИИШ ҷараён гирифт.

Дар як изҳороти Нерӯҳои басиҷии маъмул, асосан иборат аз ҷангиёни шиъмазҳаб, гуфта шуд, ки ҳамла дар минтақаи Ҳавиҷа, 300 километрии Бағдод, ҳангоми рейди шабанаи шибҳанизомиён сурат гирифт.

Ҷанг ҳудудан ду соат идома кард, баъзе ҷангиҳо кушта шуданд, баъзе дигар аз саҳнаи даргирӣ фирор карданд,- омадааст дар изҳорот.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.

Моҳи декабр, баъди ҷанги беш аз сесола, Ироқ аз ғалабаи комил бар ДИИШ хабар дод. Аммо мақомоти Ироқ ва ИМА ҳамзамон ҳушдор доданд, ки ДИИШ ҳамлаҳои шӯришгаронаро идома хоҳад дод.

Моҳи гузашта, даҳшатафканҳои ДИИШ дар як ҳамлаи интиҳорӣ, дар маркази Бағдод, дастикам 30 нафарро қурбон карданд.

Видеоҳои охирин

Дӯстии Украина бо Русия хотима меёбад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:36 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG