Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ню-Йорк аз аққалиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон ҳимоят карданд


Акс аз саҳифаи фейсбуки Анҷумани ҳамҷинсгароёни русзабон дар Амрико гирифта шудааст

Анҷумани ҳамҷинсгароёни русзабон дар Амрико бо ташкили як гирдиҳамоӣ дар шаҳри Ню-Йорк хостори хатми мубориза бо ҳамҷинсгароён дар Узбакистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон шуданд. Ин таҷаммӯъ рӯзи 18-уми феврал дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд.

Гирдиҳамоии ҳамҷинсгароён таҳти шиори «Поксозии аққалиятҳои ҷинсиро хотима диҳед» дар яке аз хиёбонҳои марказии пойтахти тиҷоратии ИМА баргузор шуд. Ширкатдорони ин таҷамӯъ дар даст аз ҷумла шиорҳои «Ҳамрайӣ бо ҳамҷинсгароёни Тоҷикистон»-ро доштанд.

Таҷамӯъгарон аксаран ҳамҷинсгароён аз кишварҳои пасошӯравӣ буданд, ки онҳоро Анҷумани ҳамҷинсгароёни русзабон дар Амрико ба ҳам меорад. Ин анҷуман мегӯяд, ки дар ҳайати худ муҳоҷирони русзабон ва ёру наздикони онҳоро муттаҳид мекунад, ки хуудро уҳви ҷомеаи аққалияти ҷинсӣ мешиносанд. Ин анҷуман соли 2008 таъсис шуда, ба он аққалиятҳои русзабон аз аксар кишварҳои собиқ Шӯравӣ шомил мешаванд. Яке аз охирин иқдомҳои ин анҷуман – гирдиҳамоӣ бо талаби озод шудани журналист Алӣ Фирӯз буд, ки ахиран тавонист ба Олмон бикӯчад. Алӣ Фирӯз ҳамчун як аққалияти ҷинсӣ баъди боздошташ дар Русия соли 2017, ки бо сабаби мушкил дар санадҳояш рух дод, гуфт, ки дар сурати истирдод шуданаш ба Тошканд ӯро азобу шиканҷа таҳдид мекунад.

Ташкили гирдиҳамоӣ ба нишони ҳамраъӣ бо аққалиятҳои ҷинсӣ, аз ҷумла бо ҷомеаи ЛГБТ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кишвар аз ҷониби созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон барои бархӯрди бад бо намояндагони ин гурӯъ интиқод мешавад. Соли 2017 мақомоти интизомӣ дар як гузориши расмӣ аз рӯйхат шудани 314 нафари ба истилоҳ “гурӯҳи хатар” хабар доданд, ки ҳамҷинсгаро будаанд. Дар ҳоле, ки мақомот далели инро дар талоши ҷилавгирӣ аз сирояти бемориҳо ва ҳам ҷиноятҳои ахлоқӣ медонанд, фаъолон ин воқеиятро фишори мустақим ва поймолкунии ҳуқуқи аъзои ЛГБТ номиданд. Ахиран мақомоти тоҷик аз ошкор шудани ҳолатҳои шантажи ҳамҷинсгароён аз сӯи мақомоти қудратӣ дар Тоҷикистон хабар доданд. Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки се милисаи тоҷикро бо гумони “шантаж” ё талаби пул дар ивази хомӯшӣ аз як ҳамҷинсгаро боздошт карданд.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG