Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти ҳамла ба Қизлари Доғистонро ДИИШ бар дӯш гирифт


Калисои православӣ дар Қизлар
Калисои православӣ дар Қизлар

Гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) масъулияти ҳамла ба калисои православҳо дар шаҳри Қизлари Доғистонро, ки 5 кушта бар ҷой гузошт, ба зимма гирифтааст. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 18 феврал бо такя ба сомонаи марбути тундравон - Amaq иттилоъ дод.

Пештар РБК бо истинод ба манобеи худ дар ҳукумати Доғистон аз ҳамлагар Халил Халилови 22-сола ном бурд. Бино ба маълумоти пешакӣ, ӯ узви яке аз ҷиноҳҳои ДИИШ будааст.

РБК мегӯяд, эҳтимол дорад, Халилов соли гузашта ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" пайваста бошад. Зеро номи ӯ дар рӯйхати аъзои маълуми гуруҳи даҳшатафкан нест ва ҳамчунин мақомоти махсус дар бораи иштироки ғайриқонунии Халилон дар ҷангҳои хориҷӣ маълумот надоранд.

Халил Халилов шаби якшанбе ба бинои калисои православҳои Қизлар ҳамла кард ва ба сӯи ибодаткунандагон оташ кушод. Дар натиҷа 5 кас ҷон бохта, 5 тани дигар захм бардошт. Худи ҳамлагарро нирӯҳои Горди Русия маҳв карданд.

XS
SM
MD
LG