Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти 78 нафари аз садсола боло дар Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар кишвар 78 нафари аз садсола болоро сабт кардаанд.

Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз ин теъдод афроди дарозумр панҷоҳ нафарро занон ташкил дода, боқимонда мард ҳастанд.

Қаблан Оҷонси омори Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар кишвар мардҳо ба ҳисоби миёна 69 ва занҳо 74 сол умр мебинанд. Аммо стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 таъмини дарозумрии сокинони кишварро яке аз ҳадафҳои худ қарор дода, мегӯяд, дар тақрибан 15 соли оянда синни миёнаи умри шаҳрвандон дар кишвар бояд то 80 расонда шавад.

Мақомот дар ҳоле дар бораи вуҷуди тақрибан 80 нафари аз садсола боло суҳбат мекунанд, ки соли 2016 Кароматуллоҳи Аҳмад, хабарнигори тоҷик, чанд моҳ пеш аз даргузашташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар мавзӯи дарозумрҳо пажӯҳиш анҷом додааст. Вай иддао карда буд, аз рӯи таҳқиқоти анҷомдодааш дар Тоҷикистон 331 нафаре зиндагӣ мекунанд, ки синнашон аз 100 сол гузаштааст.

Ба Радиои Озодӣ номи чанде аз сокинони дарозумр, аз ҷумла сокини дарозумртарини вилояти Хатлон маълум аст, ки ба синни 123 расид. Зувайдахон Ботирова дар деҳаи Сомониёни ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ зиндагӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Шумори донишҷӯёни узбек дар донишгоҳҳои Тоҷикистон якбора афзоиш ёфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:06 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG