Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санҷиши вебсайте, ки дубляжи филмҳоро "ҳаром" номид


Кумитаи дини Узбакистон гуфт, фаъоляити як вебсайти исломиро, ки иштироки ҳунармандон дар тарҷума ва дубляжи филмҳои хориҷро "ҳаром" номидааст, тафтиш мекунад. Ин кумита чунин изҳори назари як сайти исломиро хилофи қонунгузории кишвар донистааст.

Бахши узбакии Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми феврал гуфт, матлаби ин сайти исломӣ барои ташхис фиристода шудааст.

Рӯзи 14-уми феврали имсол вебсайти динии “Азон”, ки дар Оҷонси нашру иттилооти Узбакистон сабтином шудааст, матлаберо дар мавриди тарҷума ва дубляжи филмҳои хориҷӣ чоп кард. Дар ин матлаб гуфта шудааст, иштироки ҳунармандон дар дублжи филмҳо ҳаром аст, “чун бо шариат мухолифат дорад”.

Ба гуфтаи муаллифи матлаб, “ин ҳунармандон аз ҳисоби пуле фарзандони худро хӯронда мепӯшонанд, ки аз роҳҳои ғайр ба даст омадааст.” Муаллифи матлаб Зиёвуддин Раҳим дар идома чунин ҳунармандонро хоин ва дурӯя ном бурда, ба мубориза алайҳи онҳо даъват кардааст.

Ҳамон тавре ки ба бахши узбакии Радиои Озодӣ маълум шудааст, хашми муаллиф бештар аз дубляжи филми туркии “Ишқи сиёҳ” будааст. Қаблан шуъбаи идораи мусулмонони Узбакистон дар шаҳри Тошкнад низ тариқи барномаи Телеграм филми “Ишқи сиёҳ”-ро маҳкум карда буд.

Видеоҳои охирин

Салоҳ ба майдон мебарояд, Русияро чӣ интизор аст?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:02 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG